ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Абдусалом Ҳанафӣ, муовини идории раиси ҳукумати муваққати толибон дар дидори худоҳофизӣ бо Арнот Поулз, маъмури сиёсии аршади Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистони афзуд, иморати исломӣ ба ҳеҷ гуруҳ ва фарде иҷоза нахоҳад дод, ки барои ноамнӣ дар кишварҳои ҳамсоя минтақа ва ҷаҳон аз хоки Афғонистон истифода кунад.
“Мо мехоҳем шароити лозимаро барои зиндагии ором ва мутмаини мардуми хеш фароҳам кунем ва умедворем ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар арсаҳои чун маодин, барқ, зироат, умури сиҳӣ ва бахшҳои дигар дар Афғонистони сармоягузорӣ кунад.
Арнот Поулз, маъмури сиёсии аршади Иттиҳодияи Аврупо ба муддати ҳафт сол дар Афғонистон фаъолият кардааст.
Ёдрас мешавем, ки қаблан Ҳибатуллоҳ Охундзода, роҳбари толибон дар як паёмаш гуфта буд, ки толибон ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон итминон медиҳанд, ба ҳеҷ касе иҷоза нахоҳад дод то бо истифода аз хоки Афғонистон алайҳи ҳамсоя кишварҳояш хатар эъҷод кунад.
Мақомҳои толибони пеш аз ин ҳам борҳо дар бораи адами истифодаи хоки Афғонистони алайҳи соири кишварҳо итминон додаанд; аммо шуморе аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳамчунон дар ин замина нигаронӣ доранд.