Гулбаҳор Назирӣ - муовини нави раиси Бонки миллӣ кист?

Ахиран дар сохтори Бонки миллии Тоҷикистон тағйирот сурат гирифт. Раисҷумҳури кишвар муовинони нави раиси Бонки миллиро таъйин кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Бо фармони навбатии раисҷумҳури Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ба вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид. Гулбаҳор Назирӣ, то ин дам Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд буданд.
Гулбаҳор Назирӣ 19 сентябри соли 1970 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Аз соли 1977 то соли 1987 дар мактаби миёнаи №5-и шаҳри Хуҷанд таҳсил намудааст. Соли 1987 ба факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дохил шуда, онро соли 1992 бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1992 — 1997 дар факултети иқтисоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси иқтисодчӣ гардид.
Аз соли 1992 то соли 2007 дар ДДХ ба номи Б.Ғафуров ва аз соли 2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вазифаи омӯзгор, сармуаллима, дотсент ва декани факултет буд.
Чор муовини нави раис дар Бонки миллӣ: ҷойгузини Нуралиев муайян шуд
Моҳи ноябри соли 2009 рисолаи номзадиашро дар Шӯрои диссертатсионии Институти тадқиқоти иқтисодии назди Вазорати савдо ва рушди иқтисод дифоъ намудааст. Докторанти Институти муаммоҳои бозории Академияи илмҳои Русия аст.
Заҳматҳои Гулбаҳор Назирӣ дар ҷодаи тарбияи мутахассисони лаёқатманд ва пешбурди корҳои илмӣ бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст.
1 – марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.