ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Шевченкои пойтахт маҳдуд карда мешавад.
Дар ин бора, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо нашри як эълон хабар додааст.
БА иттилои манбаъ, маҳдудият сар аз фардо ҷорӣ хоҳад шуд.
"Бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз кӯчаи Шероз то хиёбони С.Шерозӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз 19 августи соли 2022 маҳдуд карда мешавад", - афзудааст манбаъ.
Аз ин ронандагони воситаҳои нақлиёт даъват шудааст, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.
Дар дар ҳамин ҳол, шаҳрдорӣ муҳлати иҷрои корҳои таъмирӣ ва дигарбора боз шудани ин қитъаи роҳро ироа накардааст.