ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо 3 медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки шумораи медалҳои ҳайати олимпии ҷумҳурӣ ба 7 адад расид.
Зикр гардид, ки медали нуқраро Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90кг сазовор шуд, ки бар намояндаи Эрон Сайидмуҳаммадризо Саидаминӣ, варзишгари мизбон Омер Айдин ва ҷудокор аз Лубнон Карамноб Сагаипов ғолиб омад, вале дар финал аз намояндаи дигари мизбон Михаел Зганк мағлуб шуд.
Медалҳои биринҷиро Шодмон Ризоев дар вазни -81кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100кг ба даст оварданд, иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан дар ин бозиҳо дар риштаи варзиши сабук варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко медали нуқра ва дар куштии юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Панҷумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия 18-уми август анҷом меёбад. Варзишгарони Тоҷикистон дар намуд каратэ мусобиқаро идома медиҳанд.
Феълан аз рӯи медалҳои гирифта, Туркия бо 265 медал - 106 тилло, 89 нуқра, 70 биринҷӣ дар садр қарор дошта, дар пайи он Ӯзбекистон бо 121 медал - 43 медали тилло, 30 нуқра, 48 биринҷӣ ва Эрон бо 116 медал - 37 медали тилло, 35 нуқра, 44 биринҷӣ қарор гирифтаанд.
Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 27-ум аст.