ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтараи матбуоти раисҷумҳури кишвар бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Файзулло Машраб Қурбоналӣ ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Русия таъйин карда шавад.
Ҳамзамон бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, мудири “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва муовини сардори Саридораи бойгонии назди ҳукумати Тоҷикистон аз вазифаашон барканор шуданд.
“Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Билолзода Умедҷон Ҳайдар аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" озод кард шуд” иттилоъ додааст манбаъ.
Инчунин Абдулло Маъруф Баҳрӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз вазифаи муовини сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз кишвардори Тоҷикистон дар бархе аз сохторҳои давлатии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод. Аз ҷумла раисҷумҳури кишвар муовинони нави раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро таъйин кард.
Инчунин дар ду шабакаи телевизион “Тоҷикистон” ва “Илм ва табиат” таъғйирот сурат гирифт.