Русия: Ҳамлаи ИМА Афғонистонро ба озмоишгоҳи маводи мухаддир табдил дод

Пас аз тааррузи нерӯҳои низомии Амрико ва НАТО ба хоки Афғонистон ин кишвар ба озмоишгоҳи маводи мухаддир табдил ёфт, гуфтааст Вазорати хориҷаи Русия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Владимир Тарабрин, мудири бахши чолишҳо ва таҳдидоти ҷадиди вазорати хориҷа ба ин Sputnik Афғонистон гуфт, тайи бист соли ҳузури Низомии иёлоти муттаҳида ва эътилофи байналмилалӣ, тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистони 40 баробар шудааст.
Ваай гуфт, ин кишвар ба бузургтарин "озмоишгоҳи метамфетомин" табдил шудааст ".
Маврид ба зикр аст, ки аз замони сари қудрат расидани толибҳо дар Афғонистон расон як сол сипарӣ шуд.
Дипломати рус аз афзоиши қочоқи нашъаи афғонӣ ба Тоҷикистон гуфт
Дар авоили моҳи августи соли 2021, толибон ҳамалоти худро алайҳи неруҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд, дар 15 август вориди шаҳр Кобул шуданд ва рӯзи баъд эълом карданд ки ҷанг поён ёфтааст.
Дар ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати артиши Амрико буд, шаҳрвандони Ғарб ва афғонҳоӣ, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, тахлия шуданд.
Дар шаби 31 август артиши Амрикои фурудгоҳи Кобулро тарк кард ва ба наздик ба бист соли ҳузури низомиаш дар Афғонистон поён дод.