Паҳпод ғариқеро дар Анапа наҷот дод.
Дар шаҳри Анапаи Русия тавассути паҳпод як марди ғариқеро наҷот доданд, иттилоъ додааст шаҳрдории ин шаҳр дар шабакаҳои иҷтимоии худ.
Ҳодиса дар соҳили марказӣ рух додааст. Санаи 15 август, дуртар аз ҷойи иҷозати шиноварӣ, системаи назорат шиновареро шинохт, ки ба кумак ниёз дошт.
Навбатдор бо дарёфти иттилоъ дар бораи ғарқи як нафар фавран аз тариқи Паҳпод барои ӯ либоси наҷотбахш фиристод, ки ин кор муваффақ анҷом шуд. Ҳамчунин паҳпод болои сари ӯ қарор гирифт, то наҷотдиҳандагон ӯро пайдо кунанд.
Ба ҷабрдида кумаки зарурӣ расонида шуд ва дар ҳоли ҳозир ба ҳаёт ва саломатии ӯ хатаре таҳдид намекунад.