ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 24 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе даъват гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, фармон дар ин бораро президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст.
Раисҷумҳур ҳамчунин ду мавзӯи аслии иҷлосияро мушаххас кардааст. Дар фармон омадааст, ки ба баррасии иҷлосияи якуми ғайринавбатӣ тасдиқи фармонҳои президенти Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва ба вазифа таъин намудани муовини якум ва муовинони раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ пешниҳод карда шаванд.
Интихоб ва бозхонди раисони кумитаҳо ва ворид намудани тағйирот ба ҳайати кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, мавзӯи дигари ин ҷаласа арзёбӣ шуд.
Ба парлумон аз ҷумла фармони президент барои таъйини Толибзода Фирдавс Назримад ба вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.
Дар фармони дигари пешниҳодшуда ба парлумон Шарифзода Фируз Ҳомиддин муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон шудааст.
Инчунин Назирӣ Гулбаҳор Назир мақоми муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистонро гирифт. Ӯ то ҳол вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд. Салимзода Алиҷон Абдуҷалол муовини дигари навтаъйини раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст.