ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Русия намехоҳад чархболҳое, ки низомиёни афғон як сол пеш аз Кобул ба Тоҷикистону Ӯзбекистон бо онҳо фирор карда буданд, ба Украина дода шавад.
Дар ин бора дар мусоҳиба бо РИА Новости намояндаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон, директори департаменти дуюми Осиё дар Вазорати корҳои хориҷӣ Замир Кабулов изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, сухан дар бораи сад мошин меравад.
Ӯ гуфт, барои мо муҳим он аст, ки он чархболу ҳавопаймоҳое, ки дар қаламрави Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки сарбозону низомиёни афғон бо он фирор кардаву дар ин кишварҳо боқи гузоштанд, ба Украина интиқол нашаванд.
Бино ба гуфти Кабулов ҳудуди 60 чархболу ҳавопаймои низомӣ ба Тоҷикистон ва тақрибан 40-50-то ба Ӯзбекистон рост меояд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи августи соли 2021, пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ва ба қудрат расидани толибон, бахши қобили мулоҳизаи халабонҳои низомии нерӯҳои ҳавоии Афғонистон бо хонаводаҳои худ ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд.
Пас аз ин мақомоти нави Кобул талош карданд, ки дар мавриди баргардонидани таҷҳизоти рабудашуда бо Душанбеву Тошканд музокира кунанд.
Аммо, муваффақият ба даст наомад. Расонаҳои Ӯзбекистон бо такя ба мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, кишвар ин таҷҳизотро ба толибон барнамегардонад, зеро он моли Амрико аст.