ДУШАНБЕ, 16 авг— Sputnik. Дар чанд кӯча ва маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд интиқоли об муваққатан қатъ мегардад.
Дар ин бора Корхонаи воҳиди давлатии "Хуҷандводоканал" иттилоъ медиҳад.
Маҳдудияти обтаъминкунӣ бинобар сабаби анҷоми корҳои таъмирӣ сурат мегирад.
"Дар робита ба корҳои таъмирӣ интиқоли оби нӯшокӣ дар микроноҳияҳои алоҳидаи маркази маъмурии вилояти Суғд - Хуҷанд муваққатан қатъ карда шудааст", — омадааст дар хабар.
Ҳамин тавр, аз соати 8:00-и рӯзи 18 август ба далели таъмири истгоҳи "Нав" дар иншоотҳои обтаъминкунии "4", "4а" об қатъ мешавад.
Маҳдудиятҳо ба навоҳии соҳили рост - 1, 2, 4, 5, 8, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, кӯчаи 80-солагии Душанбе ва маҳаллаи Бешкапа дахл доранд.
Дар бораи замони азсаргирии интиқоли об то ҳол хабар дода нашудааст.
"Хуҷандводоканал" аз сокинони маҳаллаҳои дар боло зикргардидаи шаҳри Хуҷанд хоҳиш мекунад, ки оби ошомиданӣ захира кунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, соҳили рости дарёи Сир аз камбуди оби ошомиданӣ нигаронанд.
Ба гуфтаи шаҳрвандон, вақт ва суръати обрасонӣ хеле кам шудааст.