Путин: Ғарб ҳадафмандона системаи амнияти Аврупоро хароб мекунад

Ғарб ҳадафмандона системаи амнияти Аврупоро хароб мекунад ва дар фикри сохтани гузинае чун НАТО ба сӯйи Шарқ ҳаракат мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ғарб ба истилоҳ дастаҷамъона ва ҳадафмандона низоми амниятии Аврупоро тахриб ва паймонҳои нави низомӣ эҷод мекунад.
Дар ин бора Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, зимни суханронии худ дар ҳузури ширкаткунандагон ва меҳмонони 10-умин конфронси байналмилалии амниятӣ дар Маскав изҳор дошт.
Ӯ хотирнишон кард, ки дар сухан "ин амр риёкорона ба унвони ниёз ба тацвияти амният эълон шудааст, аммо дар асл баръакси он рӯй медиҳад."
"Пешниҳодҳо дар бораи чораҳои амниятии мутақобилаи Русия, ки моҳи декабри соли гузашта пешниҳод шуда буданд, бори дигар нодида гирифта шуданд", - гуфт президенти Русия.
Кишварҳои ғарбӣ дар пайи тавсеъаи "низоми ба НАТО монанд" дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҳастанд.
Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, ки вазъ дар Украина аз он шаҳодат медиҳад, ки Амрико талош дорад ин даргириро тамдид кунад.
Ба гуфтаи ӯ, Ғарб барои нигоҳ доштани гегемония ба низоъ ниёз дорад, аз ин рӯ онҳо Украинаро қурбон кардаанд.
Путин гуфт, даврони ҷаҳони такқутбӣ гузашт
Вай дар идома гуфт, ки Русия амалиёти вижаро дар Украина комилан мувофиқи Оинномаи СММ оғоз кардааст.
Путин изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида саъй дорад таваҷҷуҳи шаҳрвандони худро аз мушкилоти шадид дур кунад ва нокомиро ба дӯши Русияву Чин бор кунад.
Ӯ таъкид кард, ки Русия манофеъи миллии худ ва ҳамчунин ҳимояти муттаҳидонашро таъмин хоҳад кард ва барои бунёди ҷаҳони бештар демократӣ чораҳои дигар меандешад.
Қобили зикр аст, ки конфронси байналмилалии амният аз соли 2012 баргузор мешавад. Интизор меравад, ки масъалаҳои амниятии Шарқи Наздик, Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ дар баррасии рӯзномаи ҷаласа қарор гиранд.