Ду мансабдори баландмақоми шаҳри Истаравшан барои заминфурӯшӣ боздошт шудаанд

Дар сурати тасдиқи айбдорӣ афроди боздоштшударо бар асоси моддаҳое, ки онҳо айбдор мешаванд, ҷаримаҳои ҳангуфт ва ҳукми зиндон таҳдид мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг – Sputnik. Раиси ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан Баҳрулло Очилов ва муовинаш Озод Раҳматовро Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон дастгир кардааст.
Ин афрод барои даст доштан дар тақсими ғайриқонунии замин ва қаллобӣ муттаҳам мешаванд.
Хабари боздошти ин ду мансабдорро манобеи Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати шаҳри Истаравшан батаъйид намуданд.
“Раиси ҷамоати Зарҳалол ва муовинаш ду моҳ боз дар ҳабси пешакӣ дар маҳкамаи тафтишотӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд қарор доранд ва қарор аст рӯзҳои наздик мурофияи додгоҳии онҳо баргузор шавад", - афзуд манба.
Ин манбаъ дар идома афзуд, ҳоло мақомот нисбати Очилов ва Раҳматов бо моддаҳои 338 (тақсими ғайриқонунии замин) ва 247 (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, баъди боздошти раиси ҷамоати Зарҳалол ва муовинаш, ҳоло Башорат Шодиева, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоат таъйин шудааст.
Барои ҷудо кардани замин 20 ҳазор сомонӣ гирифт: парвандаи мансабдори ноҳияи Деваштич
Шодиева то замони боздошти раиси пешини ҷамоат ва муовини аввалаш, минҳайси муовини раиси ҷамоати Зарҳалол кор мекард.
Боздошт ва ифтитоҳи парванда алайҳи ин ду мансабдори Истаравшан аз камтарин ҳолатҳое маҳсуб намебошад, ки дар даст доштан ба заминфурӯшӣ гумонбар дониста мешаванд.
Идораи мубориза бо коррупсия дар Суғд чанде қабл иттилоъ дода буд, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 349 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумор 22 ҷиноят марбут ба 18 корманди Кумитаи идораи замин ва зерсохторҳои он будааст.
Дар сурати тасдиқи айбдорӣ ба боздоштшудаҳо дар асоси моддаи 247 аз 23 то 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.
Ҳамчунин қисми дуюми моддаи 338 (тақсими ғайриқонунии замин) бошад, аз 58 то 93 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.