ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik, Елена Попова. Ин пешниҳод дар нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар поёни моҳи август баррасӣ хоҳад шуд.
Шикори соҳира
Мавзуи раводиди Шенген барои шаҳрвандони Русия ба яке аз мавзуъҳои аз ҳама бештар аз назари сиёсат ва ахлоқ табдил ёфтааст. Ба оташ изҳороти баҳсбарангези нахуствазири Эстония Кай Каллас, ки гуфт, "боздид аз Аврупо як имтиёз аст, на ҳуқуқи инсон" аланга афзуд. Аз 18 август вуруди русҳо ба ин кишвар бо иҷозати худи Эстония маҳдуд шудааст.
Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки "бисёре аз кишварҳо бо ғайридӯстии худ ба беҳушӣ меафтанд ва боз ба чунин изҳорот мерасанд, ки аслан 80 сол пеш аз маркази Аврупо, аз баъзе кишварҳои аврупоӣ шунида будем". Ба ақидаи ӯ, “бо гузашти вақт ақли солим ба навъе зуҳур хоҳад кард ва онҳое, ки ин гуна изҳорот додаанд, ба худ меоянд”.
Бо вуҷуди ин рӯйхати давлатҳое, ки ин идеяро дастгирӣ мекунанд, босуръат меафзояд. Рӯзи 14 август якбора ду кишвар - Лаҳистон ва Латвия эълон карданд, ки ин ташаббусро ба сатҳи умумиаврупоӣ хоҳанд расонд. Варшава маҷмуи тадбирҳоро тартиб дода истодааст. Ва дар Рига бошад, азм доранд, ки иҷозатномањои вуруд ва иқоматеро, ки дар ин ҷумҳурӣ дода шудаанд, аз нав дида бароянд.
"Албатта, ман медонам, як қатор кишварҳои аврупоӣ, ки сайёҳони рус пули зиёд ба он ҷо мегузоранд, ба чунин пешниҳод розӣ нахоҳанд шуд. Садри аъзами Олмон низ дар ин бора шубҳа дошт. Аммо ман фикр мекунам, ки дар ин бора суҳбат кардан лозим аст. Аз рун принсип", — гуфт президенти Латвия Эгилс Левитс.
Ҳоло даҳ кишвар вуруди русҳоро ба хокашон мамнуъ ё мушкил кардаанд. Рӯзи 25 феврал Ҷумҳурии Чех барои шаҳрвандони Русия ва баъдан Беларус маҳдудият ҷорӣ кард. Словакия, Белгия, Лаҳистон, Ҳолланд, Дания, Эстония, Латвия ва Литва низ хамин тавр карданд. Шумо метавонед ба он ҷо расед, аммо танҳо бо гирифтани визои "Шенген"-и дигар кишварҳо.
Дар ҳамин ҳол ҷонибдорони мамнуъ кардани вуруди русҳо далелҳои мухталиф доранд. Агар дар Эстония онҳо бовар доранд, ки русҳо тақрибан ба амнияти дохилии кишвар таҳдид мекунанд, пас дар Латвия онҳо мутмаинанд, ки шаҳрвандони мухолиф ба низоми Русия ҳарчи бештар ба кишварашон баргардонида шаванд.
Мо тарафдорӣ намекунем, вале маҳкум намекунем
Дар кодекси раводиди Иттиҳодияи Аврупо имкони қатъи додани раводидҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ нашудааст, гуфт намояндаи Комиссияи Аврупо Анита Ҳиппер. Ҳамеша категорияҳои шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба онҳо бояд раводид дода шавад: дар ҳолатҳои башардӯстона, барои аъзои оила ё рӯзноманигорон шарҳ дод ӯ.
Садри аъзами Олмон Олаф Шолс аллакай эълом дошт, ки механизми ин ташаббусро тасаввур карда наметавонад, зеро "шаҳрвандони оддӣ барои рӯйдодҳои Украина масъул нестанд" ва таҳримҳои густурдаи зидди Русия "ба бисёре аз афроди мушаххас таъсир мерасонанд".
Иттиҳодияи Аврупо иқдомоти радикалии Владимир Зеленскийро талаб мекунад. Раисҷумҳури Украина бар ин назар аст, ки "тамоми аҳолии Русияро дар инзиво гузоштан лозим аст". Вай пешниҳод кард, ки мухолифони хориҷшуда барои гирифтани мақоми паноҳанда муроҷиат кунанд.
Дар поёни моҳи август вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Прага масъалаи манъи раводидро баррасӣ хоҳанд кард, ки на танҳо сайёҳон, балки “намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишҷӯён ва наздикони шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ”-ро шомил хоҳад шуд.
Бесарусомонӣ ва дарҳамомехтагӣ
Сиёсатшинос Сергей Марков мегӯяд: "Озодии ҳаракат яке аз пояҳои бунёдии ҳуқуқи башар аст. Даъватҳо ба нақзи дағалонаи он мавзеъгирӣ алайҳи нақши тамаддуни Аврупо дар сиёсати ҷаҳонӣ аст".
Вай фарқияти муносибатро ба мушкилот дар ИА бо дараҷаи руссофобия шарҳ медиҳад. Дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ки ниҳоди ғайришаҳрвандӣ вуҷуд дорад, ҳамла ба Русия бештар ба мушоҳида мерасад.
Николай Топорин, дотсенти кафедраи ҳуқуқи аврупоии МГИМО мегӯяд, барои ҷорӣ кардани як қоида розигии ҳамаи аъзои Иттиҳоди Аврупо зарур аст.
"Дар Шенген сарҳадҳои дохилӣ вуҷуд надоранд, аммо марзҳои беруна ҳастанд, ки онҳоро Кодекси Шенген танзим мекунад. Ҳоло тақрибан даҳ кишвар, аксаран кишварҳои хурд ҷонибдори қатъи додани раводид ба русҳо ҳастанд. Аввалини онҳо Эстония буд, ки ба ҳудуди он ба воситаи сарҳади берунӣ даромадан манъ шудааст Дигар давлатҳо ё мавқеи худро баён намекунанд ва ё аз ин гуна чораҳо норозигӣ баён мекунанд”, - гуфт ин коршинос.
Топорин қайд мекунад, ки ин вазъият бемаънӣ хоҳад буд, ҳатто агар як кишвар аз тамоми минтақаи Шенген иҷозаи русҳоро идома диҳад. Масалан, ҳоло Эстония вурудро бо раводиде, ки худаш додааст, манъ кардааст. Аммо бо онҳо шумо метавонед тавассути Латвия вориди ин маҳдуда шавед.
"Эстонҳо гуфтанд, ки бо раводидҳои онҳо убури сарҳад ғайриимкон аст, аммо бо раводиди Латвия ё Финландия ворид шудан ба маҳдудаи иттиҳод мамнуъ нест. Агар онҳо ба мувофиқа наоянд, дарҳамомехтагие ба вуҷуд меояд. Маҳдудият пешниҳод мекунанд, дар ҳоле ки дигарон ба ин вазъ омода нестанд", - афзуд ӯ.
Мушкилот дар ҷои дигар пайдо шуда метавонанд: Русия бо Иттиҳоди Аврупо ҳамагӣ се марзи заминӣ дорад - бо Эстония, Латвия ва Финландия. Агар онҳо қаламравро барои русҳо банданд, вуруд ба кишварҳои дигари Аврупо ба таври ҷиддӣ мушкил хоҳад шуд.