ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли 2022 ба будҷаи давлатии Тоҷикистон аз ширкатҳои IT-и хориҷӣ беш аз 1,5 миллион сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда ворид шудааст.
Дар ин бора аз Кумитаи андози ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳамзамон, дар соли 2021 барои хидматҳои электронӣ ба ширкатҳои хориҷӣ даромад ба 2 миллион сомонӣ наздик шуд.
Ба ин тартиб, дар маҷмӯъ беш аз якуним сол аз замони эътибор пайдо кардани тағйироти дахлдор ба Кодекси андози Тоҷикистон ба хазинаи кишвар беш аз 3,5 миллион сомонӣ ворид шудааст.
Дар маҷмӯъ, ба ҳолати 1 августи соли 2022 дар ҷумҳурӣ 23 ширкати IT-и хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар байни онҳо "Google Commerce Limited", "Apple Distribution International Limited", "Netflix International B.V.", "Amazon Web Services EMEA SARL" ва дигарон ҳастанд.
Қобили зикр аст, ки тамоми ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон хидматрасонии электронӣ пешниҳод мекунанд, муваззафанд, “андози Google”-ро пардохт кунанд.
Тағйиру иловаҳои дахлдор ба Кодекси андози ҷумҳурӣ аз аввали соли 2021 мавриди амал қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, аз 1 январи соли 2022 меъёри андоз аз арзиши иловашуда 15% шуд, ки ин нишондиҳанда қаблаг 18% буд.
Ин ниҳод қаблан гуфта буд, ки то кунун ба сифати шахсони воқеӣ 32 блогер дар Кумитаи андоз худро сабти ном кардаанд ва ба буҷаи кишвар андоз пардохт кардаанд.
Аз ҳисоби ин қишр ба буҷаи давлат тақрибан 2 млн сомонӣ андоз ворид шудааст.