ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, мегӯяд баъд аз ба сари қудрат расидани толибон, вазъияти иқтисодӣ дар Афғонистон бениҳоят бад аст ва мардуми кишвар ниҳоят дар ҳолати ногувор қарор доранд.
“Аз як миллиону 500 ҳазор коркунони бахши хусусӣ тақрибан 900 ҳазораш кори худро аз даст додааст. Вазъияти иқтисодӣ дар кишвар нисбати набуди қонун ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ аст”, - гуфт ҷаноби сафир.
Муҳаммадзоҳир Ағбар таъкид кард, ки тақрибан 200 ширкати муътабари афғонистонӣ имрӯз ё Афғонистонро тарк карданд ё дар зиндони хонагии толибон қарор доранд, ва ё ихтитоф шуданд ё ин ки дар тиҷорати худ коҳишро ба амал оварданд.
Вай гуфт, тоҷирони афғонистонӣ ҳатто масруфи кор нестанд
“Айни замон болотар аз 80 дарсади нерӯҳои амниятии азбақи давлат ва 50 дарсади кормандони мулкии Афғонистон вазоифи худро аз даст доданд вале барои ҳеҷ яке аз ходимҳо иҷозаи кор дар кишвар дода намешавад”, - қайд кард оқои Ағбар.
Ҳамзамон сафири давлати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон илова кард, ки занон дар тамоми идорот аз кор маҳрум шуданд.
“Заноне, ки нимае аз пайкари ҷомеаи афғониро ташкил медод. Заноне, ки дар тиҷорат саҳм доштанд ва дар порлумон ва вазоратҳо саҳим буданд бекор монданд”, - зикр кард Муҳаммадзоҳир Ағбар.