Путин: Тақрибан тамоми таслиҳоти содиротии Русия дар амалиёти воқеӣ истифода шудаанд

Раисҷумҳури Русия мегӯяд, тақрибан тамоми силоҳҳои сохти Русия, ки барои содирот ироа шудаанд, дар амалиётҳои размии воқеӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни ифтитоҳи Форуми байналмилалии низомию техникии “Артиш-2022” гуфт, ки аксари намунаҳои аслиҳаи Русия дар хориҷ рақиб надоранд ва кишвараш омода аст, дар ихитиёёри ҳампаймонҳояш муосиртарин аслиҳаро гузорад.
"Мо омодаем силоҳҳои муосир аз ҷумла мошиндор, мошинҳои зиреҳпӯш, тӯпхонаӣ, ҷанганда ва паҳподҳои ҷангиро дар ихтиёри ҳампаймонҳо ва шарикони худ гузорем. Дар тамоми ҷаҳон силоҳҳои мо миёни мутахассисони низомӣ боэътимод, сифатнок дониста мешаванд. Қариб тамоми ин аслиҳа борҳо дар амалҳои воқеии ҷангӣ истифода шудаанд", - гуфт Путин дар ифтитоҳи форуми Артиш-2022.
Ёдрас мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии ҳарбӣ-техникии "Армия-2022" ва Бозиҳоибайналмилалии артиш-2022 иштирок кард.
Путин гуфт, Русия омодааст, ба ҳампаймонҳояш навтарин силоҳҳоро диҳад
Чорабинии бузурги имсола аз 13 то 27 август дар 12 давлат баргузор мешавад. Дар байни онҳо Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Беларус, Венесуэла, Ветнам, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Ӯзбекистон ҳастанд.
Бори аввал яке аз мусобиқаҳои бозӣ дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ баргузор мешавад - "Снайперский рубеж" ба Венесуэла бовар карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Бозиҳо якбора ташкили 36 мусобиқаи байналмилалӣ дар назар аст. Дастаҳои Нигерия ва Руанда бори аввал дар АРМИ 2022 ширкат мекунанд.