ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Русия дар қитъаҳои гуногун иттифоқчиён ва ҳамфикрони зиёде дорад ва аз он истиқбол мекунад, ки онҳо дар назди гегемония хам намешаванд, роҳи соҳибихтиёрии рушдро интихоб мекунанд, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Мо аз ин истиқбол мекунем, ки кишвари мо дар қитъаҳои мухталиф иттифоқчиён, шарикон, ҳамфикрони зиёде дорад. Инҳо давлатҳое ҳастанд, ки дар назди ба истилоҳ гегемон хам намешаванд. Сарварони онҳо хислати ҳақиқии мардона нишон медиҳанд ва хам намешаванд", - афзуд ӯ зимни суханронӣ дар ҳамоиши "Артиши-2022".
Вай тавзеҳ дод, ки ин давлатҳо роҳи соҳибихтиёру мустақили рушдро интихоб мекунанд, онҳо мехоҳанд, ки масъалаҳои амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавиро ба таври дастаҷамъона дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ, масъулияти мутақобила ва дар назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар ҳал кунанд.
"Ҳамин тавр (онҳо мехоҳанд) дар дифоъ аз ҷаҳони бисёрқутбӣ саҳм гузоранд", - афзуд президент.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии бузурги имсола аз 13 то 27 август дар 12 давлат баргузор мешавад. Дар байни онҳо Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Беларус, Венесуэла, Ветнам, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Ӯзбекистон ҳастанд.
Бори аввал яке аз мусобиқаҳои бозӣ дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ баргузор мешавад - "Снайперский рубеж" ба Венесуэла бовар карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Бозиҳо якбора ташкили 36 мусобиқаи байналмилалӣ дар назар аст. Дастаҳои Нигерия ва Руанда бори аввал дар АРМИ 2022 ширкат мекунанд.