Раҳбари Русия бо сухани ифтитоҳӣ бар назди ширкаткунандагон ҳузур пайдо мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.
Пас аз он, сарвари давлат аз намоишгоҳҳои намунаҳои ояндадори техникаи ҳарбӣ дар Боғи ҳарбӣ-ватандӯстии фарҳангу фароғатии Қувваҳои vусаллаҳи Федератсияи Русия "Патриот" дидан мекунад.
Чорабинии бузурги имсола аз 13 то 27 август дар 12 давлат баргузор мешавад. Дар байни онҳо Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Беларус, Венесуэла, Ветнам, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Ӯзбекистон ҳастанд.
Бори аввал яке аз мусобиқаҳои бозӣ дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ баргузор мешавад - "Снайперский рубеж" ба Венесуэла бовар карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Бозиҳо якбора ташкили 36 мусобиқаи байналмилалӣ дар назар аст. Дастаҳои Нигерия ва Руанда бори аввал дар АРМИ 2022 ширкат мекунанд.