ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Нурмуҳаммад Табаров, маъруф ба Нур Табар, адиб ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон дар синни 81-солагӣ аз олам чашм пӯшид
Ӯ аз ангуштшумор вазирони фарҳанги Тоҷикистон аст, ки нақши боризе дар сиёсат, рӯзноманигорӣ, театр ва адабиёт гузоштааст.
Яке аз наздикони Нурмуҳаммад Табаров ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум шаби 14 август пас аз маризии тӯлонӣ дар ҳузури пайвандону наздикон бо ҳаёт падруд гуфт.
“Солҳои ахир аз маризиҳои мухталифе ранҷ мебурданд ва анқариб ҳамеша бистарӣ буданд”, - гуфт ӯ.
Нурмуҳаммад Табаров, маъруф ба Нур Табар, 15 июли соли 1941 дар деҳаи Ғешии ноҳияи Орҷонкидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ба дунё омада, соли 1962 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) ва соли 1970 шуъбаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии Маскавро хатм кардааст.
Фаъолияташро дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз карда, минҳайси хабарнигори махсуси рӯзномаи “Комсомольская правда” дар Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаҳои “Комсомолец Таджикистана” ва “Тоҷикистони Советӣ” низ кор кардааст.
Солҳои ахир сармуҳаррири маҷаллаи "Помир" буд. Солҳо дар вазифаи мудири шуъбаи тарғиботи Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи фарҳанги Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, раиси Иттиҳодияи “Тоҷиккино” ва дигар идораҳои давлатӣ кор кардааст. Солҳои 1987—1990 вакили парлумони Тоҷикистон буд ва як замон раёсати Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистонро бар дӯш дошт.
Вай тӯли солҳои 1987-1990 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд. Нур Табар муаллифи ҳудуди 20 маҷмӯаи адабиву публисистӣ, назири драмаву пйеса аст, ки бархе, аз қабили “Дар чорсӯ”, “Мусичаро напаррон”, “Дод чист, бедод чист?”, “Кафшҳои Абулқосим”, “Шикори аҷинаҳо” ва ғайра рӯи саҳнаи театрҳои хориҷӣ омада ё дар маҷаллаҳо чоп шудааст.
Вай тарҷумони адабиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла осори Антон Чехов, Иван Тургенев, Алексей Чхеидзе, Абай ва дигарон мебошад. Маросими видоъ бо Нур Табар, имрӯз, 15 август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.