ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Корхонаҳои симентбарории Тоҷикистон тавлиди ин навъи маҳсулотро кам карданд.
Тибқи иттилои бахши саноатии кишвар, истеҳсоли семент дар нимсолаи аввали соли равон 7,3 дарсад коҳиш ёфтааст.
Аз аввали сол то ҳоли ҳозир ба маблаги бештар аз 2 миллион тонна цемент тавлид карда шудааст. Ин назар ба соли гузашта кариб 157 хазор тонна камтар мебошад.
Сабабҳои коҳиши тавлиди семент мушаххас нашудааст. Ин коҳишёбӣ дар ҳолест, ки бахши сохтмони ҷумҳурӣ дар ҳоли рушду қарор дорад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар шаш моҳи гузашта 677,1 ҳазор тонна (афзоиш 10 дарсадӣ) семент содирот ва ба маблағи 20,8 миллион доллар фурӯхта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 дарсад камтар аст.
Саҳми содироти Тоҷикистон ҳамагӣ 2 дарсадро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Тоҷикистон ҳамасола беш аз 1,5 миллион тонна семент содир мекард.
Масолехи сохтмонӣ асосан ба кишварҳои наздиктарин — Афгонистон, Ӯзбекистон ва Киргизистон содирот мешуд.