ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Рамазон Қодиров роҳбари Чеченистон ахиран дар Telegram-канали худ навиштааст, ки сиёсатмадорони Ғарб бояд аз стратегияи фурӯпошии Русия даст кашанд ва дар фикри ба роҳ мондани ҳакорӣ бо Маскав бошанд.
Ба гуфтаи вай, ҷаҳони Ғарб то ҳол як чизро дарк карда наметавонад: Русияи муосир кайҳо боз аз “иттифоқи ҷумҳуриҳои Горбачёв” ва “низоми Елтсин, ки бо табаддулот, каср ва дефолт сохта шуда буд” канор рафтааст.
"Ин боз як Русияи пурқудрат ва тавоно аст ва шумо, сиёсатмадорони ғарбӣ, бояд аз стратегияи шикасти Русия даст кашед. Шумо бояд ҳамкориро бо кишваре, ки давоми 20 сол аз ғорату таҳқири Ғарб гузашт ва ба як давлати дорои сохтори пурқудрати сиёсии аз нав ташкилшуда бо ҳадафҳои стратегӣ табдил ёфтааст, роҳандозӣ намоед”, - навиштааст Қодиров.
Роҳбари Чеченистон афзуд, ки кишварҳои Ғарб набояд бо Русия ҷанг кунанд. Вай аз суханони раҳбари Русия Владимир Путин ёдовар шуд, ва гуфт агар касе хоҳад кишвари моро бигазад, дандонҳояш мешиканад.
“Бо Русия дӯстиро ёд бигиред — дандонҳоятон солимтар боқӣ мемонанд”, — хулоса кард ӯ.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.