Гармои Тоҷикистон: болоравии ҳарорати ҳаво дар Душанбе ва Хатлон

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, ки ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйирёбандаи бебориш мешавад ва гармӣ дар бархе минтақаҳои кишвар то 41 дараҷа мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда ва бебориш хоҳад буд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 19 дараҷа гарм, рӯзона аз 31 то 36 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона то 10 дараҷа гарм, рӯзона аз 20 то 25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш низ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 19 то 24 дараҷа гарм, рӯзона аз 34 то 39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 14 дараҷа гарм, рӯзона то 28 дараҷа гарм мешавад.
Ҳушдори Раҳмон аз оқибатҳои гармӣ ва мушкили нави ҷаҳонӣ
Дар вилояти Хатлон ҳам ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 26 дараҷа гарм, рӯзона то 41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона аз 17 то 22 дараҷа гарм, рӯзона аз 30 то 35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 22 дараҷа гарм, рӯзона то 38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 12 то 17 дараҷа гарм, рӯзона аз 30 то 35 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона то 21 дараҷа ва рӯзона то 38 дараҷа гарм мешавад.