Баргузории фестивали байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар Хоруғ

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷашнвораи 15-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии “Боми ҷаҳон” баргузор мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Дар Боғи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Аз 19 то 21 август и соли равон Ҷашнвораи 15-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии “Боми ҷаҳон” баргузор мегардад,- иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Тибқи иттилои манбаъ, дар фестивал 100 навозанда аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон, Ҳиндустон, Фаронса, Австрия ва Нидерланд ҳунарнамоӣ мекунад.
Манбаъ хабар додааст, ки ҳадаф инъикоси зебоии гуногунии фарҳангӣ (Осиёи Марказӣ ва, дар маҷмуъ, ҷаҳон) ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ тавассути ифодаи шаклҳои мухталифи санъат мебошад.
Мақомот аз мусодираи ҳаҷми зиёди маводи мухаддир дар Хоруғ хабар доданд
Аз ҷониби ҳунармандони касбӣ барои донишҷӯён, навозандагон, санъатшиносон, дӯстдорони мусиқии ватанӣ ва хориҷӣ силсиладарсҳои маҳоратӣ доир мешаванд.
Манбаъ илова кардааст, ки дар доираи ҷашнвора намоишгоҳҳои ҳунарӣ, хӯрокҳои миллӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ пешкаши иштирокдорон хоҳанд гашт.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои ки 17-18 августи соли равон дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир Инвест-2022” баргузор карда мешавад.