Самимияти тоҷикона: саргузашти Манижа Аминова, ки барномаи "Голос"-ро "фатҳ" кард - видео

Ҳунарманди ҷавон, ки зодаи Тоҷикистон аст, дар 16-солагӣ аллакай дили мураббиёни лоиҳаи маъруфи телевизионӣ ва навозандагони машҳури русро тасхир кардааст
Sputnik
Иштирокчии мавсими ҳафтуми намоишномаи "Голос. Дети" Манижа Аминова дар шимоли Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Дар синни хеле барвақт ҳамроҳи волидонаш ба Русия рафтаву, ҳоло дар деҳаи Вешки ноҳияи Ургански вилояти Смоленск ба сар мебарад.
Манижа дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи чӣ гуна ба ин тарҳи бонуфуз ворид шуданаш, аммо қабл аз он, чӣ тавр ба дунёи мусиқӣ ворид шуданаш, нақл кард.
Фахриддин Ҳакимов: Ҳангоми сурудхонӣ бештар дар бораи зодгоҳам Тоҷикистон фикр мекунам
Маълум шуд, ки яке аз аввалин оҳангҳое, ки ӯ суруд, гимни Тоҷикистон будааст ва танҳо баъд ба сурудани таронаҳои эстрадаи русӣ шурӯъ кардааст.
Пас аз ин озмуну ҷашнвораҳои мухталифи Русия ва байналмилалӣ баргузор шуд ва баъдан "Голос. Дети" сурат гирифт ва тамошобинони чандмиллионии лоиҳа аз саросари ҷаҳон аз як духтари боистеъдод аз Тоҷикистон огоҳ шуданд.
"Ман аз ҷониби Тоҷикистон дастгирии беандоза ҳис кардам. Хешу табор, дӯстон дар умум ҳама маро дастгирӣ карданд. Аз тамоми ҷаҳон: Амрико, Олмон, Канада, Мексика, Бразилия ва ҳатто Африқо мактубҳо омаданд", - ба ёд меорад сароянда.
Муфассалтар дар бораи пуштибонӣ аз Ватан, асрори ин касб ва нақшаҳои ояндаи ҳунарманд дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Sputnik Тоҷикистон бубинед.