Дар ноҳияи Роштқалъа барои 17 хонавода манзили нав бунёд шуд

Манзилҳое, ки тоза дар ноҳияи мазкур бунёд гардиданд, ба хонаводаҳое тақдим шуданд, ки ба далели бунёд кардани нерӯгоҳи "Себзор" манзили онҳо тахриб шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Хонаводаҳое, ки манзилҳои онҳо дар ҳудуди сохтмони нерӯгоҳи "Себзор" дар ноҳияи Роштқалъа ҷойгир буданд, ҳамакнун бо хонаҳои наву замонавӣ таъмин гардиданд, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Бар хабари манбаъ, феълан дар ноҳияи мазкур корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ идома дорад ва қариб 90% корҳои заминӣ ба анҷом расидаанд.
Манбаъ меафзояд, мутобиқи нақша муассисаи таълимии деҳа низ ба макони дигар кӯчонида мешавад ва рӯзҳои наздик хишти аввали он гузошта мешавад.
Зикр гардид, ки дар канори муассисаи таълимӣ ҳамчунин сохтмони майдончаи муосири варзишӣ ва кӯдакистон бо харҷи ҳашт миллион сомонӣ дар назар аст.
Шералӣ Кабир сабаби нарафтани сармоягузорон ба ВМКБ-ро гуфт. Ҳукумат чӣ нақша дорад?
Нерӯгоҳи “Себзор” дар фарози рӯдхонаи “Шохдара” сохта шуда, барои таъмини сокинони навоҳии кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон пешбинӣ гардидааст.
Пештар зикр шуда буд, ки Иттиҳодияи Аврупо ба сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон беш аз 41 миллион евро ихтисос дода буд.