Ҳушдори КҲФ: Хавфи омадани сели пиряхӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад

КҲФ давоми чанд ҳафта мешавад, ки аз хаҷфи омадани сели пиряхӣ дар минтақаҳои кӯҳистонии ҷумҳурӣ ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ ҳушдор медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон рӯзҳои 13-14 август хавфи омадани сели пиряхӣ мавҷуд аст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносӣ.
Рӯзҳои 13-14 августи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ (ба истиснои шарқи ВМКБ), хавфи сели пиряхӣ боқӣ мемонад", - омадааст дар хабари КҲФ.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват кардааст, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва аз қабл чораву тадбирҳо андешанд, то селҳо натавонанд ба манзилҳои истиқомативу заминҳои кишвташон зарар расонанд.
Ин ниҳод мегӯяд, барои пешгирӣ аз оқибатҳои нохуш, сокинон бояд роҳу заҳбурҳоро аз хасу хошок тоза намоянд.
Сел роҳи мошингарди Рӯшонро баст
Ҳамчунин ба сокинон тавсия дода шудаааст, ки дар ин рӯзҳо ба қадри имкон аз ҷамъварии ҳезуму гиёҳ, моҳигирӣ, шикор ва чаронидани чорво дар минтақаҳои хавфнок худдорӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод қаблан аз омадани сел дар деҳаи Пилдони ҷамоати деҳоти Пилдони миёнаи ноҳияи Лахш хабар дода буд, ки он ба замини наздиҳавлигии сокинони деҳа зарар расида, 300 метр роҳ тахриб гардид.