ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар сӯҳбат бо Шӯрои Атлантик гуфт, толибон ба гуфтугӯ ва ислоҳи шеваҳои ақибмондаи худ манфиатдор нестанд.
Масъуд меафзояд, ин гуруҳ то ҳол ба фарогири сохтори қудрат бовар надоранд ва ҷабҳаи муқовимат ба ҷуз мубориза бо ин гурӯҳ илоҷи дигаре надорад.
Як сол пеш, вақте ки толибон Афғонистонро тасарруф карданд, Аҳмад Масъуд дар мусоҳиба бо Шӯрои Атлантик гуфта буд, ки дар ҷустуҷӯи музокирот бо ин гуруҳ аст. Аммо ҳоло дар мусоҳиба бо ин маркази таҳлилии амрикоӣ дар бораи муколама ҳарф намезанад.
"То замоне ки [толибон] як раванди қонунӣ, ки ҳукумати қонунӣ меорад ва дар назди мардуми Афғонистон ва ҷаҳон масъулият дорад, қабул накунад, чорае ҷуз муқовимат ба ин гурӯҳ нест", - мегӯяд Масъуди хурдӣ.
Ӯ гуфт, талош кардааст, то ба толибон бифаҳмонад, ки “ба воситаи силоҳ ба қонуният дар Афғонистон ноил шудан мумкин нест” ва таъкид кард, ки ҷанг то замоне идома хоҳад кард, ки "толибон дарк накунанд, ки режими низомӣ ё ҳукмронии як гурӯҳи мусаллаҳ бар як кишвар" ягона гузина барои миллат нест.
Ба гуфтаи раҳбари ҷабҳаи муқовимат, талошҳои ӯ бо фаъолони минтақаӣ барои эҷоди як навъ сулҳ бо толибон низ ноком шуданд.
"Мутаассифона, раҳбарони толибон тағйир наёфтаанд. Онҳо ҳатто аз пештара радикалтаранд",- гуфи мавсуф.
Масъуд аз раҳбарони ҷаҳон хост, ки ба андешаи тағйири Толибон фирефта нашаванд ва таъкид кард, ки ин гуруҳ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ноком шудааст, зеро онҳо идеологияи якхела бо гурӯҳҳои террористӣ доранд.
Вай ба паноҳгоҳи толибон ба Айман Аззавоҳирӣ, раҳбари "Алқоида" ишора кард ва гуфт, ки ин далел, ки Завоҳирӣ дар маркази Кобул зиндагӣ мекард, "як нишонаи равшани он аст, ки [раҳбарони толибон] бо чунин ниҳодҳо ва созмонҳои террористӣ комилан ҳамоҳанг ҳастанд.
Вай афзуд, ки гурӯҳҳои дигари ифротӣ, назири "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон"* низ дар Афғонистон паноҳгоҳи амн пайдо мекунанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бо нодида гирифтани ин раванд ба як “иштибоҳи фалокатбор” даст хоҳад зад, ки паёмадҳои тӯлонӣ дорад.
Масъуд равобити бархе аз кишварҳоро бо толибон дар натиҷаи тарси онҳо аз ин гурӯҳ арзёбӣ кард.
*-Созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст.