ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Ахиран кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Маскав боздид карданд, иттилоъ додаст сафорати Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот кормандони Сафорат бо муовини сардори муассисаи мазкур Сергей Полежаев дидору мулоқот карданд.
“Зимни мулоқот масоили марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон кормандони сафорат бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон вохӯрӣ намуданд.
Манбаъ илова кардааст, ки ба шаҳрвандони вобаста ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Русия тавсияҳо дода шуданд.
Ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин боздоштгоҳ қарор доранд, кормандони сафорат як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз супурданд.