Сиркбозони тоҷик ба Ҷашнвораи "Акси садои Осиё" ба Нурсултон рафтанд

Намояндагони 13 давлат барои дарёфти унвони беҳтарин дар Ҷашнвораи байналмилалии санъати сирки "Акси садои Осиё" Қазоқистон рафтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар пойтахти Қазоқистон 13-умин Ҷашнвораи байналмилалии санъати сирки “Акси садои Осиё” оғоз шуд, гузориш медиҳад, дафтари матбуотии сирки Нурсултон.
Намояндагони 13 давлат, аз қабили Беларус, Маҷористон, Ветнам, Исроил, Италия, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Фаронса ба Нурсултон омаданд.
Фестивал 12 август бо намоиши фарҳангӣ ифтитоҳ ёфта, 5 рӯз идома хоҳад кард. Намоишиҳои мафтункунанда 14 август ба охир мерасад.
Аз сар гирифтани баргузории ин чорабинии деринтизор ду сол боз мунтазир буданд, зеро бар асари пандемияи коронавирус омадани ҳунармандон аз кишварҳои дигар ғайриимкон буд.
Фестивал худро яке аз бонуфузтарин чорабинихои байналхалкии сиркӣ муаррифӣ кардааст.
Кӯдакони тоҷик ба як форуми муҳими фарҳангӣ ба Маскав мераванд
Худи озмун аз ду барнома иборат аст, ки бо иштироки жимностикҳои ҳирфаӣ, акробатҳо, ресмонбозон ва масхарабозон длоир мешавад. Ширкаткунандагони ин ҳамоиш 86 нафаранд.
Баъди ба охир расидани ҳамоиш бехтарин намояндагони ин касбро аъзоёни жюри муайян мекунанд. Онҳо ба сифати наоишномаҳо аз рӯи дарачаи ҳунармандӣ, хореографӣ ва коргардонӣ баҳо медиҳанд.
Ба гуфтаи директори генералии Сирки Нурсултон Эрик Жолжаксинов, имсол чанд ҷоиза пешбинӣ шудааст: сетоӣ тилло, нуқра ва биринҷӣ.
"Ҷоизаи асосӣ Гран-при аст. Ҷоизаҳои раиси шаҳр ва таваҷҷуҳи тамошобинон ҳастанд. Ҳамчунин тӯҳфаҳои махсусе ҳастанд, ки меҳмонони мо бо худ оварда буданд",-афзуд ӯ.
Илова бар ин, дар чаҳорчӯби чорабинӣ нишасти васеи хабарӣ бо ширкати ҳунармандони хориҷӣ баргузор мешавад.