ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Дар ноҳияи Данғара 13 августи соли равон Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё баргузор мегардад, ки дар он имконоти сармоягузорӣ ва иқтидори содиротии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муаррифӣ карда мешаванд. Иттилоъ додааст мақомоти вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Раиси ин вилоят Тӯра Боболов ба вилояти Хатлони Тоҷикистон омад.
Мақомоти Хатлон иттилоъ додааст, ки мақсади ташрифи ҳайати мазкур таҳкими ҳамкории тиҷоратӣ — иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ миёни вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё ба шумор меравад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки ҳайат давоми ду рӯз аз корхонаҳои саноатии вилоят, гармхонаҳои замонавӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо ва заминҳои кишоварзӣ дидан менамояд.
Бояд қайд кард, ки соли гузашта ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба вилояти Сурхондарё сафар карда буд ва бо натиҷаҳои рушди саноати муосир, дастгирии тиҷорати хусусӣ ва истеҳсолоти кишоварзӣ дар Сурхондарё шинос шуд.
Дар вилояти Сурхондарё форуми соҳибкорон баргузор гардид. Дар форуми соҳибкорон ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ҳокимони шаҳру ноҳияҳои ду вилоят, роҳбарони корхонаҳо ва намояндагони доираҳои тиҷоратӣ иштирок намуда буданд.