ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Давоми шабонарӯзи ахир дар обҳои Тоҷикистон ду тан ғарқ шудаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи якум дар обанбори сунъии канори рӯдхонаи ноҳияи Варзоб рух дода, кӯдаки 4-сола ғарқ шудааст.
Ин ҳодиса ба гуфти КҲФ дар пайи беназоратии волидайн сар задааст.
Гуфта мешавад, бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда, ҷасади кӯдак дарёфт ва ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Ҳамзамон дар ин рӯз як сокини 19-солаи ҷамоати деҳоти Овчии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғарқ шудааст.
Сабаби ғарқшавии ҷавон оббозӣ кардан дар минтақаи мамнӯъи дарёи Сир унвон шудааст.
Ғаввосони КҲФ ҷасади марҳумро пас аз тақрибан як соати ҷустуҷӯ пайдо ва берун кашидаанд.
Дар робита ба ин КҲФ бори дигар аз волидон дархост кардааст, ки қатъиян фарзандоро назорат кунанд.
Ба таъкиди ин ниҳод, кӯдакони хурдсол бозӣ кардан дар обро дӯст медоранд, аммо онҳо ҳатто дар чуқурии 10 см об ғарқ мешаванд, зеро нисбат ба вазни баданашон сарашон вазнин аст.