ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Сиёмаки Ҳасаннажод аз куҳнавардони моҳири шаҳристони Мокуи устони Озарбойҷони Ғарбӣ дар шимолу шарқи Эрон аст, ки тавонист бо суъуд ба қулаи 7105 метрии Озодӣ (дар гузашта Корженевский )дар Тоҷикистон парчами Эронро бар болои ин қула ба эҳтизоз даровард, иттилоъ додааст Садои Хуросон.
Сиёмаки Ҳасаннажоди аловабар фатҳи тамоми қулаҳои Кирмон дар 4 фасл, қулаи бузургеро дар кишварҳои Туркия ва Қирғизистон ҳам фатҳ кард.
Қулаи Корженевской саввумин қулаи баланд дар куҳҳои Помири Тоҷикистон аст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 ба қуллаи “Корженевский” қуллаи “Озодӣ” ном гузоштаанд.
Қулла 7105 метр баландӣ дорад ва соли 1910 аз сӯйи Николай Корженевский, ҷуғрофидони саршиноси Шӯравӣ нахустин бор фатҳ шудааст. Вай ба хотири завҷааш Евгения Корженевская қулларо “Корженевская” ном гузошта буд.
Баландтарин қуллаи силсилакӯҳи Фарҳангистони Улум "Қуллаи Исмоъили Сомонӣ" аст, ки пештар "Кумунисм" ном дошт ва иртифоъаш 7500 метрро ташкил медиҳад.
Ин силсилакӯҳ ба таври ҳамеша барфпӯш буда ва пирях ё яхчолҳои бузурги табиъии Федченкою Гармо дар ин ҷо воқеъ шудаанд.
Барои сайёҳон ва кӯҳнавардон фатҳи қуллаҳо дастоварди чашмгире ба ҳисоб меравад ва аксарият қабл аз баромадан ба баландатарин қулла дар ҷаҳон Эверест ё Ҷамолунгма, ин қуллаҳоро дар Тоҷикистон фатҳ мекунанд.