Қазоқистон овозаҳо дар бораи фурӯши силоҳ ба Бритониё барои интиқол ба Украинаро рад кард

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, барои хариди силоҳ аз ҷониби Бритониё ягон дархост нагирифтаанд ва аслиҳаи ин кишвар ба кишвари сеюм интиқол намешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Овозаҳо дар бораи харидории таҷҳизоти низомӣ аз ҷониби Бритониё аз Қазоқистон барои интиқол ба Украина асос надорад.
Дар ин бора сомонаи stopfake.kz бо истинод ба Вазорати саноат ва рушди Қазоқистон хабар додааст.
Ба навиштаи пойгоҳ, қаблан хабарҳое дар интернет паҳн шуд, ки гуфта мешуд, Бритониё аз Қазоқистон силоҳ мехарад, то онро ба қаламрави Украина расонад.
Гуфта мешавад, ин муомилот бо миёнҷигарии ширкати "Техноэкспорт" сурат гирифта, қарордод ба маблағи 46 миллион доллар рӯзи 16 июл баста шудааст.
"Соли 2021 ва дар давраи ба охир расидани соли 2022 ширкати "Техноэкспорт" барои гирифтани иҷозатнома барои содироти аслиҳа, муҳимот ва таҷҳизоти низомӣ ба вазорат муроҷиат накардааст", - омадааст дар иттилоияи Вазорати саноат.
Аксҳои силоҳҳои ғарбие, ки низомиёни украинӣ аснои фирор аз Лисичанск партофтанд
Ҳамчунин тавзеҳ дода мешавад, ки дар ин муддат вазорат барои содироти аслиҳа, муҳимот ва таҷҳизоти низомӣ ба Бритониё иҷозатнома надодааст.
Содироти аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ аз ҷумҳурӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани ӯҳдадории кафолати кишвари воридкунанда анҷом дода мешавад, ки он бидуни иҷозати мақоми ваколатдори Қазоқистон дар соҳаи назорати содирот онҳоро дубора содир намекунад.
Иҷозат барои содироти дубораи аслиҳа ва лавозимоти ҷангии дар боло зикршуда аз ҷониби вазорат дода нашудааст, афзудаст ин ниҳод.