Паҳлавони тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ қаҳрамони ҷаҳон шуд

Дуюмин медали тилло аз Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон ба хазинаи дастовардҳои варзишии Тоҷикистон ворид шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Паҳлавони ҷавони тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон гардид.
Ӯ дар рӯзи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Гуаякили Эквадор идома дорад, сазовори медали тилло шуд, хабар медиҳалд Кумитаи миллии олимпии кишвар.
Барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ паҳлавони тоҷик ҷудокори Ӯзбекистон Чемпиони феълии Осиё миёни ҷавонон Азизбек Ортиқовро шикаст дод.
То расидан ба финал Нуралӣ Эмомалӣ даври аввал бар намояндаи Италия Валерио Аккоглӣ, дар даври дуюм бар варзишгари Фаронса Максиме Моунданга, дар чорякфинал бар Муҳаммад Демирел аз Туркия, дар нимфинал бар Раду Извориану аз Молдова пирӯз шуд.
Варзишкори тоҷик ҳамзамон дар баробари медали тилло соҳи 2500 доллар ҷоизапулӣ ва 700 имтиёз гардид.
Рейтинги ҷудо: Темур Раҳимов дар ҷаҳон беҳтарин дониста шуд
Маврид ба зикр аст, ки ин дуввумин медали тилло дар таърихи ҷудои тоҷик аз Қаҳрамониҳои ҷаҳон миёни ҷавонон мебошад, ки аввалинашро Сомон Маҳмадбеков ба даст оварда буд.
Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон 10 август дар шаҳри Гуаякили Эквадор оғоз гардид.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар чемпионат 373 варзишгар (208 писар, 165 духтар) аз 63 давлат иштирок доранд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6 варзишгар –Нуралӣ Эмомалӣ (-66кг), Масъуди Аҳмадзод (-73кг), Суннатулло Лоиқов (-81кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг), Эмомризо Анварзода (-100кг) ва Мансур Раҳмон (+100кг) намояндагӣ мекунанд.

Ҳамин тариқ имрӯз, 11-уми август Масъуди Аҳмадзод, 12-уми август Суннатулло Лоиқов ваМуҳаммадҷон Абдуҷалилов, 13-уми август Эмомризо Анварзода ва Мансур Раҳмон вориди набардҳо мешаванд.

Нуралӣ дар баробари медали тилло 2500 доллари ИМА ҷоизарулӣ дарёфт кард.