Муҳоҷирони тоҷик дар бозсозии Донбасс кумак мекунанд - видео

Зиёда аз як моҳ аст, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои сокинони Донбасс, ки бе манзил мондаанд, якҷо хонаҳои нав месозанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Муҳоҷирони тоҷик бо бунёди иншооти нави инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ дар қаламрави ҶМД ва ҶМЛ ба барқарорсозии Донбасс кумак мекунанд.
Ҳамин тариқ, Рустам, як сокини Душанбе ҳамроҳ бо ҳамватанони сершумори дигар дар барқарорсозии Мариуполи харобшуда саҳм мегузорад.
Вай ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки ба ҷои кори муҳоҷирон омада буд, гуфт: "Ин аввалин иншооти ман дар қаламрави ҶДР аст".
Бинокор қайд кард, ки агар шартнома пас аз анҷоми сохтмон тамдид шавад, ӯ ният дорад корро идома диҳад.
Дар навор ин ҷавон гуфт, ки дар ватан ҳама наздикон ва дӯстонаш медонанд, ки ӯ дар қаламрави Ҷумҳурии Донетск қарор дорад. Ӯ мегӯяд, ки қабл аз ба кор омаданаш розигии волидайн гирифта буд.
Шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ Рустам ном дорад, ки аз шаҳри Норак ба сохтмон омадааст. Вай низ аз ибтидои сохтмон дар ин минтақа кор мекунад.
Як муҳоҷири дигар аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон низ ба ободонии шаҳр машғул аст. Ӯ худро Ширинҷон муаррифӣ кард ва гуфт, ки як моҳ боз дар барқароркунии Донбасс иштирок мекунад ва аз кор қаноатманд аст.
Ӯ ҳатто мегӯяд, наздиконаш аз он шоданд, ки ӯ дар барқарорсозии биноҳои истиқоматӣ барои мардуми бесарпаноҳ ширкат мекунад.
Дар сохтмон ба ҷуз аз шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирони зиёде аз Ӯзбекистону Қирғизистон низ ҳастанд.