Миёни Душанбе ва Уфа хатсайри нави мустақим боз мешавад

Комиссияи байниидоравии Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ барои ташкили парвозҳои нави байналмилалӣ аз фурудгоҳи пойтахти Бошқирдистон иҷозат дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Миёни Уфа ва Душанбе як хатсайри нави мунтазам пайдо мешавад, ки онро як ширкати дигари русӣ анҷом медиҳад.
Ширкати ҳавопаймоии Utair аз Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ барои ташкили парвозҳои иловагии байналмилалӣ аз фурудгоҳи пойтахти Бошқирдистон, аз ҷумла парвозҳо ба Тоҷикистон иҷозат гирифтааст.
Мусофиркашонӣ дар ин масир мустақиман кай оғоз мешавад ва басомади парвозҳои иҷозатдодашуда байни кишварҳо ҳанӯз маълум нест.
Маврид ба зикр аст, ки додани иҷозат барои парвози байналмилалӣ маънои дарҳол оғоз кардани онро надорад.
Эълони нархи чиптаи қатора аз Тоҷикистон ба Русия: гарон ё арзон?
Қаблан Оҷонсии федеролии нақлиёти ҳавоӣ ифтитоҳи парвозҳои нав аз як шаҳри дигари Русия ба Тоҷикистонро тасдиқ карда буд.
Ба ширкати Nord Wind Airlines низ иҷоза дода шудааст, ки ба муддати се моҳ аз Омск ба Хуҷанд ва Душанбе парвозҳои мунтазам боз кунад.
Фармони дахлдор аллакай нашр шудааст. Мушаххас карда мешавад, ки парвозҳо дар ду самт ҳафтае се маротиба иҷозат дода мешавад.