Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи нави бисёрсоҳавии саноатӣ ифтитоҳ кард

Кишвардори Тоҷикистон дар идомаи сафари кориаш ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан рафта, дар маросими ифтитоҳи корхонаи нави саноатӣ ширкат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар корхонаи бисёрсоҳавии саноатии “Шарафи рӯз”-ро ифтитоҳ кард ва бо раванди истеҳсоли маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот дар он шинос гардиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, корхонаи муосири саноатӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ – Ислом Азимов ва Алишер Сабуров бо харҷи зиёда аз 6 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.
Самти асосии фаъолияти корхонаи нави саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ивазкунандаи воридот равона гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон сафари корияш дар шимоли Тоҷикистонро аз шаҳри Бӯстон оғоз кард
Корхонаи нави бисёрсоҳавии “Шарафи рӯз” дар шаҳри Истаравшан аз коргоҳҳои истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ, қубурҳои зангназананда, ранги равғанин, қуттиҳо барои ранг, қуттиҳои пластикӣ, кафкҳои сохтмонӣ, герметик ва анборҳо барои маҳсулоти хому тайёр иборат мебошад.
“Роҳандозии истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ дар корхонаи нави саноатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ нахустин буда, он дар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ пешниҳоди мизоҷон карда мешавад”, - таъкид намудааст манбаъ.
Дастгоҳҳо ва хатҳои истеҳсолии ҳамаи коргоҳҳои корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Русия ва Чин ворид карда шудаанд.
Ҳузури Раҳмон дар машқҳои махсуси тактикӣ дар Фахробод - видео
Иқтидори истеҳсолии корхона 6500 метри мураббаъ бомпӯши пластикӣ, 6 тонна ранги равғанин, 4500 қуттии хушбӯй, 18 ҳазор қуттии пластикӣ барои меваю сабзавот ва 2500 қуттӣ кафки сохтмонӣ дар як моҳ буда, маҳсулоти истеҳсолшаванда дар марҳилаи аввал асосан барои таъмини бозори дохилӣ равона гардидааст.
Роҳбарияти корхона иқдом гирифтанд, ки дар оянда барои боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти маҳсулоти босифати ватаниро зери тамғаи “ТаҷФикс” ба кишварҳои ҳамсоя ҳам ба роҳ монанд.
Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот аз давлатҳои хориҷӣ ва қисман аз корхонаҳои ватанӣ дастрас карда шуда, қабл ва баъд аз коркард дар озмоишгоҳи назди корхона, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз мебошад, мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор мегирад.