Пешбарии номзади ҳизби ҳоким ба курсии вакилӣ дар Душанбе

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №62 аз ин ҳизбро пешбарӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Номзадии Фаррух Хушвахтзода аз ҷониби ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №62 пешбарӣ гардид, иттилоъ додааст Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
Намояндагони аъзои ҲХДТ дар Конференсияи XXXVI ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Фирдавсӣ барои пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №62 чунин як иқдом карданд.
Тибқи иттилои манбаъ вобаста ба масъалаи рӯзномаи конференсия Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода дар бораи шарҳи ҳоли номзади пешбаришаванда аз ҲХДТ Фаррух Хушвахтзода маълумот дод.
Ҳамкории ҲХДТ ва Ҳизби “Русия воҳид” баррасӣ шуд
Ҳамзамон дар ин ҷаласа масъалаи таъсиси Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баррасӣ гардид.
Зикр гардид, ки Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо воситаҳои ахбори омма бо мақсади дар сомонаҳои иҷтимоӣ фаъолнокӣ нишон додан бояд ба маводи бардурӯғу фитнаангезе, ки хилофи сисёсати давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон равона мегарданд, вокунишҳои саривақтӣ нишон диҳад.
Дар конференсия Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳисоби ташкилоти ибтидоии “Ҷумҳурият”, “Народная газета”, “Аниси халқ”, “Бонувони Тоҷикистон”, “Қалами созанда” ва “Боҷу хироҷ” таъсис дода шуд.