Карзай: Амрико захоири Бонки марказии Афғонистонро бояд озод намояд

Раисҷумҳурии пешини Афғонистон хостори озодсозии пулҳои мунҷамидшудаи ин кишвар аз тарафи мақомоти ва бонкҳои Амрико шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳурии пешини Афғонистон дар гуфтугӯ бо радиои миллии Амрико гуфт ИМА дар Афғонистон муртакиби иштибоҳҳои зиёде шуда, ки бояд онро ислоҳ кунад.
“Аз ҷумла захоири Бонки марказии Афғонистонро озод кунад, то мардуми Афғонистон рӯйи пойи худ биистанд”, - гуфт вай.
Ҳомид Карзай дар бахши дигари мусоҳибаасш таъкид кард, ки Афғонистон бояд мутмаин шаванд, ки ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар худро мутаъаллиқ ба ин кишвар медонанд ва давлати Толибон аз онҳо намояндагӣ мекунад.
Карзай: Толибон ба ман иҷозаи сафар намедиҳанд
“Ҳадафи мо эҷоди як Афғонистони хуб аст", - зикр кардааст раисҷумҳури пешини Афғонистон.
Сиёсатмадори афғон ҳамчунин дар хусӯси амнияти худ аз тарафи Покистон ибрози нигаронӣ кард.
Пас аз суқути ҳукумати Муҳаммад Ашрафғанӣ ва ба сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон аксар мақомоти аршади ин кишвари Афғонистонро тарк карданд, аммо Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ тарк накарданд.
Бар пояи ин гузориш дар ҳоли ҳозир толибон ба Ҳомид Карзай иҷозаи сафар ба хориҷ аз Афғонистонро намедиҳанд.