ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар маросими хотимавии машқҳои муштараки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон “Иттиҳод-2022”, ки дар Тирмиз аз 3 август оғоз ёфта буданд, иштирок менамояд, иттилоъ додааст Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, сафари Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар Узбекистон имрӯз 10 август анҷом меёбад.
Ёдовар мешавем, ки дар қисми низомии гарнизони Тирмиз афсарони тоҷику узбек машқҳои муштаракро анҷом доданд.
Маврид ба зикр аст, ки дирӯз мулоқоти Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Вазири мудофиаи Узбекистон Баҳодир Қурбонов сурат гирифт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди омӯзиши кадрҳои низомии тоҷик дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон қарордод ба имзо расониданд.
Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки масоили ҳамкорӣ миёни ду кишвар на танҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, балки дар заминаи дифоъ ва амният низ ба сатҳи баланд баромадаанд.
Қайд шуааст, ки дар доираи сафар ҳайати Тоҷикистон аз Маркази миллии назорати дифои Ӯзбекистон дидан намуд.