ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Дар ноҳияи Данғара як сокини 12-сола аз беэҳтиётӣ ва беназоратии волидон дар канали байнидеҳавӣ ғарқ шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, кӯдак сокини деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара буда, бинобар риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ дар канал ғарқ шуда, ҷон бохтааст.
КҲФ мегӯяд, ҷасади кӯдакро наҷотбахшон ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ ҷустуҷӯ намуда, онро даҳ метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба волидонаш супурданд.
Ин ниҳод қайд намудааст, ки дар зарфи ҳафт моҳи соли равон дар обҳои кишвар дасти кам 123 нафар ғарқ шуданд, ки аз ин миён 64 нафар ноболиғон ҳастанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо мақсади роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳои нохӯш аз сокинони кишвар даъват мекунад ҳангоми шиноварӣ ва истироҳат дар назди махзанҳои об эҳтиёт кунанд.
Ин ниҳод қаблан низ дар робита ба гармшавии ҳаво ва бештар рафтани сокинон ба лаби кӯлу дарёҳо ҳушдор дода буд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва махсусан мувоҷеҳи кӯдакону ноболиғон бошанд.