ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Ахиран дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар километри 300-ум садамаи маргборе рух додааст, хабар медиҳад, дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.
Навори ин ҳодисаи мудҳиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи худрави “Тойота Прадо”, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба худрави “Мерседес-Бенс”-и сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрда, аз роҳ баромада, боз ба худрави “Тойота Раф-4”, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.
“Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Тойота Прадо”, Ҳабибуллоева Бунафша, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - иттилоъ додааст ВКД Тоҷикистон.
Манбаъ зикр кардааст, ки ронандаи автомашинаи ронандаи худрави “Тойота Прадо” ва мусофираш ноболиғ, Ҳасанзода Манижа, соли таваллудаш 2010, сокини пойтахт, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Кормандони милитсияи Тоҷикистон хабар додаанд, ки аз рӯи ин ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.