ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон назорат ба хизматчиёни давлатӣ аз ин ба баъд шадидтар мешавад.
Шавкат Мирзиёев, президенти ин кишвар қонунеро имзо кардааст, ки он хизмати давлатиро дар мақомоти давлатӣ, идоракунии давлатӣ дар ин соҳа, инчунин вазъи ҳуқуқии хизматчиёни давлатиро муайян мекунад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Ба гуфтаи хабарнигори Sputnik тарҳи қонун тайи ду сол таҳия шуда, он пас аз се моҳ эътибор пайдо мекунад.
Дар ин қонун гуфта мешавад, ки хизматчии давлатӣ ҳуқуқ дорад аз иҷрои фармон ва талаботи ғайриқонунии роҳбари худ даст кашад, ҳангоми хабар додан дар бораи коррупсия таҳти ҳифзи давлат қарор гирад.
Аммо дар навбати худ ба хизматчии давлатӣ машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ, муассиси корхона будан, берун аз ҳудуди Ӯзбекистон суратҳисоб кушодан ва дар хориҷи кишвар амволи ғайриманқул ба даст овардан манъ мешавад.
Дар баробари ин ҳар як хизматчии давлатӣ бояд эъломияи даромад ва молу мулкашонро пешниҳод намояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Ӯзбекистон афродеро ба хизмати давлатӣ қабул мекунанд, ки забони давлатиро медонанд ва ба талаботи тахассусии дахлдор ҷавобгӯ мебошанд.