Рейтинги ҷудо: Темур Раҳимов дар ҷаҳон беҳтарин дониста шуд

Паҳлавони номовари тоҷик бо ин пешсафӣ дастовардеро дар таърихи ҷудои кишварро рақам зад. Қабл аз ӯ ягон варзишкори тоҷик ба ин зина набаромада буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) раддабандии тозаи ҷаҳониро нашр кард.
Тибқи феҳристи навшуда, варзишгари номовари кишвар Темур Раҳимов дар сатҳи ҷаҳон беҳтарин дониста шуд.
Ӯ бо 3985 имтиёз дар мақоми аввали радабандии ҷаҳонӣ нишаст.
Раҳимов пеш аз Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон, ки дар Қазоқистон доир шуд, бо 3 495 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дошт, аммо бо ба даст овардани медали нуқраи ин мусобиқа, ки ба ӯ боз 490 имтиёз дод, аз Ҷур Спиҷкерси ҳолландӣ ва Гурам Тушвили гурҷӣ пеш гузашта, садрнишин гашт.
Як қадам ба пирӯзӣ: Темур Раҳимов дар Нурсултон медали нуқра гирифт
Маврид ба зикр аст, ки Раҳимов бо ин дастовард таърихи ҷудои кишварро рақам зад. Қабл аз ӯ ягон варзишкори тоҷик ба ин зина набаромада буд.
Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг дар радабандӣ миёни ҳамвазнонаш бо 2587 хол дар зинаи 9 ва Ҷаҳонгир Маҷидов 34-умро гирифтаанд
Дар вазни 81кило Шодмон Ризоев зинаи 51, Сомон Маҳмадбеков бошад 87, Акмал Муродов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов ҷойҳои 98 ва 99-ро гирифтаанд.
Бояд қайд кард, ки рейтинги ҷаҳонӣ натоиҷи кори варзишгаронро дар мавсимҳои охир дар бар мегирад. Хол танҳо барои як сол нигоҳ дошта мешавад. Пас аз як сол он тадриҷан коҳиш меёбад ва пас аз 4 сол он комилан ба сифр баробар мешавад.
Холҳои рейтингӣ ба варзишгар имкон медиҳад, ки ӯ ба қатори беҳтаринҳо ворид шавад ва барои ширкат дар Бозиҳои олимпӣ иҷозат гиранд.
Маврид ба зикр аст, ки охирин баромади Раҳмов дар Нурсултон сурат гирифт, ки дар вазни беш аз 100 кило баромад кард, бидуни мағлубият баромад, вале дар финал аз намояндаи Ҷопон Кокоро Кагеура шикаст хӯрд.
Ҳамзамон дар ин мусобиқа Шодмон Ризоев, ки дар вазни то 81 кг рақобат мекард, бо шикаст аз Такеши Сасакии ҷопонӣ медали нуқра ба даст овард ва Сомон Маҳмадбеков низ дар вазни то 81 кг бар Рамазон Аллабердиев аз Ӯзбекистон пирӯз шуда, соҳиби медали биринҷӣ шуд.