Дар Қрим чанд таркиш рух дод: видео аз ҷои ҳодиса

Мавҷи таркишҳо дар ғарби Қрим, дар наздикии деҳаи сайёҳии Новофедоровка ба вуқуъ пайваст: дар бораи қурбониён то ҳол маълумоти дақиқ нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Қрим чанд таркиш ба вуқӯъпайваст, ин хабарро Олег Крючков, мушовири раиси вилоят тасдиқ кард.
Ҳодиса дар минтақаи пойгоҳи низомии Русия рух додааст.

"Ҳоло танҳо далели чанд таркиш дар маҳаллаи Новофедоровкаро тасдиқ карда метавонам. Аз ҳама хоҳиш мекунам, ки гузоришҳои расмиро мунтазир шаванд", - афзуд ӯ.

То ҳол, дар бораи қурбониёни эҳтимолӣ маълумоти дақиқ вуҷуд надорад.
Бино ба иттилои Ассотсиатсияи сайёҳони Русия, дар миёни гардишгарон қурбониён ва захмиён нест.
Раҳбари Қрим Сергей Аксенов ба ҷои ҳодиса ба деҳаи Новофедоровкаи ноҳияи Сакский сафар кардааст. Вазъи ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Гуфта мешавад, ки теъдоди зиёди мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва пизишкӣ аз Евпатория низ ба ҷои ҳодиса мераванд.