ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. ҶМД метавонад барои барқарор кардани манотиқи харобшудааш аз Кореяи Шимолӣ коргар даъват кунад.
Музокирот дар бораи ворид кардани бинокорон аз КШ ба ҶМД аллакай идома дорад, гуфт раиси ин ҷумҳурӣ Денис Пушилин.
Ӯ гуфт, ки раванди барқароршавӣ оғоз гардида он ҳамарӯзи бештар мешавад ва ба кор ҷалб кардани куриёиҳог ба манофеи ҳарду ҷониб хоҳад буд, таъкид кард мавсуф.
Пушилин таъкид кард, ки қабл аз ҷорӣ шудани таҳримҳо Кореяи Шимолӣ кормандони худро ба сохтмонҳои кишварҳои дигар мефиристод, онҳо соҳибихтисос, боинтизом буда, натиҷаҳои хеле хуб нишон медиҳанд.
"Гурӯҳи аввал, устоҳое, ки ҳаҷми корро назар мекунанд, бояд дар ояндаи наздик биёянд. Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин бора кор мекунад. Ҳоло санаи дақиқро гуфта наметавонам, аммо дар ояндаи наздик бояд сурат бигирад ва корҳо соли ҷорӣ оғоз шаванд", - гуфт роҳбари ДХР.
Ёдовар мешавем, ки қаблан низ муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин аз нақшаи даъвати муҳоҷирони куриёӣ гуфта, маҳсулнокии баланди меҳнати онҳоро ситоиш карда буд.
"Бозори Курёи Шимолӣ хеле ҷолиб аст, онҳо коргарони хуб ҳастанд. Як деворгари курёӣ назар ба як коргари русӣ дуву ним баробар бештар кор мекунад. Як курёӣ ду-дую ним деворгари русиягиро иваз мекунад", - қайд кард Ҳуснуллин.