ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Агар дар Украина як корхонаи ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ Bayraktar пайдо шавад, он фавран безарар карда мешавад.
Дар ин бора котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод.
Пештар сафири Украина дар Туркия эълон карда буд, ки ширкати туркии Bayraktar қасд дорад дар қаламрави Украина як корхонаи тавлиди ҳавопаймоҳои ҷангӣ бунёд кунад.
Ҳамзамон мушаххас шуд, ки ширкат гӯё аллакай қитъаи заминро сабти ном карда ва соҳиби он шудааст.
"Худи далели таъсиси чунин объект, ки албатта, фавран таҳти мавзӯи безараргардонӣ қарор мегирад - инро бояд фаҳмид - албатта, ин эҳтимол танҳо ранҷу азоби украинҳоро дароз мекунад, аммо чизе ҳадафи амалиёти вижаро пешгирӣ карда наметавонад",- гуфт Песков ба журналистон.
Ҳавопаймоҳои бесарнишини Bayraktar TB2 дар амалиёти низомӣ дар Ироқ, Сурия ва Либия алайҳи артиши генерал Халифа Ҳафтар ва ҳамчунин дар Озарбойҷон алайҳи Арманистон дар ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ дар тирамоҳи соли 2020 истифода шуд.
Аз тирамоҳи соли 2021 Украина харидори аслии ҳавопаймоҳои бесарнишин ба шумор меравад.
Бори аввал Қувваҳои Мусаллаҳи Украина аз онҳо дар охири моҳи октябри соли 2021 истифода карданд.
Туркия ва Украина пас аз қабули тарҳи қонун дар бораи тасвиби созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои фанновариҳои баланд, авиатсия ва кайҳонӣ дар мавриди сохтмони корхона ба тавофуқ расиданд.