ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дуввумин бозияшро низ дар Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA бо пирӯзӣ анҷом дод.
Дастпарварони Аҳлиддин Турдиев шоми ҳаштуми август бо мунтахаби Қирғизистон вориди набард шуда, бозиро бо ҳисоби 3:1 буриданд.
Голҳои Асадбек Ҷӯрабекзода, Салам Ашӯрмамадов ва Сунатулло Азизов ба мунтахаби кишвар пирӯзӣ овард.
Ҳамин тариқ дар пайи ду бози мунтахаби Тоҷикистон бо касби шаш имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад.
Нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Салам Ашурмамадов, ки дар ин бозӣ яке аз голҳоро зад, беҳтарин бозигар дониста шуд.
Дар вохӯрии дигари даври дуюми мусобиқаи мазкур мунтахаби Эрон бо ҳисоби 4:0 Афғонистонро шикаст дод.
Бозиҳои даври баъдӣ шоми 8 август миёни дастаҳои Эрону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ, дар доираи чемпионат 10 бозӣ ба нақша гирифта шуда, ҳамаи ин сабқатҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.
Низомномаи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни ҷавонон муқаррар кардааст, ки ин мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила сурат гирифта, дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.