Киштии боркаши "Glory" бо ғаллаи украинӣ ба Истанбул расид: видео

Ин киштӣ дар асоси “созишномаи ғалладона”, ки миёни Русия, Туркия, Украина ва Созмони Миллали Муттаҳид ба имзо расида буд, аз Украина хориҷ шуд
Sputnik
Боз як киштии боркаш бо ғаллаи истеҳсоли Украина ба Истанбул омад.
Киштии "Glory" 7 август аз бандари Черноморск ба баҳр баромад.
Ҳоло он дар наздикии соҳили Босфор қарор дорад ва мунтазири санҷиш аст.
Аввалин киштии ҳомили ғалла бандари Одессаро тарк кард - видео
Қаблан миёни Русия, Туркия, Украина ва СММ ба истилоҳ “созишномаи ғалладона” баста шуда буд, ки дар он шароити интиқоли маҳсулоти кишоварзии Украина аз бандарҳои Баҳри Сиёҳ ва ҳамчунин назорати киштиҳо ва чораҳои амниятӣ муқаррар шудааст.

Созиши ғизоӣ

Дар Истамбул Маркази муштараки ҳамоҳангсозии интиқоли бехатари ғалла аз Украина ба кор шурӯъ кард. Ин марказ бо тавофуқоти Русия, Украина, Туркия ва СММ дар рӯзи 22 июл таъсис дода шудааст.
Ғарб ҷаҳонро ба гуруснагии бидуни гандуми Украина омода мекунад
Созишнома маҳдудиятҳои интиқоли маҳсулоти кишоварзии Русияро ба бозори ҷаҳонӣ лағв кард ва алгоритми содироти ғаллаи Украинаро тавассути Баҳри Сиёҳ аз бандарҳои Южний, Черноморск ва Одесса муайян кард. Роҳи киштиҳо минаҳо пок карда мешаванд.
Боркунии ғалла, тафтиши киштиҳо, тибқи қарордод, аз тарафи намояндагони СММ, Туркия, Украина ва Русия назорат карда мешавад.
"Созиши ғизоӣ" барои 120 рӯз дарбар гирифта шудааст ва он метавонад тамдид шавад.