ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Тарроҳи ҷопонӣ Иссэй Миякэ даргузашт, хабар медиҳад хабаргузории "Kyodo".
Ҳунарманди маъруф, асосгузори хонаи муди Issey Miyake 84-сол дошт. Сабаби маргаш бемории саратон буд.
Вай намояндаи мӯди консептуалӣ ва пайрави тарҳи ҳозиразамон ва ҳамзамон функсионалӣ бо истифода аз технологияҳои нав буд.
Илова бар ин, тамоми ҷаҳон Миякэро ба шарофати коллексияи атриёт мешиносад.
Соли 2004 ӯ дар Токио хазинаи худ бо номи The Miyake Issey Foundation-ро таъсис дод, ки намоишгоҳҳои гуногун ташкил мекунад, адабиёт нашр менамояд ва корҳои тадқиқотӣ дар самти тарроҳӣ анҷом медиҳад.
Аз соли 2007 Иссэй ба нафақа баромад, вале пас аз он ҳама коллексияҳои нав бо номи ӯ таҳия мешуданд.
Сарфи назар аз синну сол, ҳунарманд шахсан истеҳсолоти навро пайгирӣ мекард.
Иссэй Миякэ кист?
Миякэ 22 апрели соли 1938 дар Ҳиросимаи Ҷопон ба дунё омадааст ва дар синни 7-солагӣ ҳатто шоҳиди бомбгузории ҳастаии Амрико дар Ҳиросима будааст.
Соли 1964 тарроҳи мӯд дар Донишгоҳи санъати Тамаи Токио таҳсил карда, дар Порис ва Ню Йорк фаъолият кардааст.
Зимни бозгашт ба Токио, солҳои 1970-ум, ӯ студияи тарроҳии Miyake-ро таъсис дод ва дар он ҷо ба тарҳрезии либосҳои занона шурӯъ кард.
Аз солҳои 1980-ум, Миякэ ба муаррифии коллексияҳо дар Порис пардохт.
Вижагии ӯ дар он буд, ки ӯ либосҳои амалиро барои ҳаёти воқеӣ меофарид.